Мафҳуми оила ва нақши он дар ҳаёти инсон

КИВ: Андеша  

    Оила яке аз рукнҳои муҳим ва асосии ҷомеа ба ҳисоб рафта, муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳукуқӣ, ахлоқӣ ва шаҳрвандиро дар бар мегирад. Оила, ҳамчун падидаи иҷтимоӣ, муносибатҳои занушавҳарӣ, хешутаборӣ, муносибатҳои иқтисодии оилавӣ, ташаккул ва рушди шахс, масъулият ва уҳдадории байни аъзоёни оиларо дар асоси қоидаҳои одобу ахлоқ ва талаботи муайяни қонунгузорӣ ба танзим медарорад. Инсон нахустин асосҳои феълу атвор, рафтор, кирдор, муносибат ба худ ва дигарон, муносибат ба меҳнат, муносибат ба ҳаёти ҷомеаро маҳз аз оила мегирад. Аз ин ҷо оила ба никоҳ асос ёфта, аз рӯйи муҳаббати пок, баробарҳуқуқии зану мард дар муносибатҳои оилавӣ, давом додани насл, таълим ва тарбияи дурусти фарзандон ва аъзоёни оила шакл мегирад.

     Тавре ба ҳамагон маълум аст, оила ҳамчун қадимтарин сохтори иҷтимоии таърихи инсоният дар ташаккули ҷомеаи инсонӣ нақш ва мавқеи муҳиммеро дорост. Оила дар ҳар давру замон баҳри пешбурди ҷомеа, муайян намудани сохти иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангии ҳар халқу миллат мақом ва аҳамияти хосса дошт. Бесабаб нест, ки бузургон оиларо шаҳсутуни зиндагӣ, асоси давлат, танзимгари рушду нумӯи миллат номидаанд. Тамоми бурду бохти зиндагӣ бо кори оила ва оиладорӣ зич марбут аст. Аз ин рӯ давлат ба оила ҳамчун ҷавҳари ҷамъият аҳамияти ҳамаҷониба медиҳад.

    Маврид ба зикр аст, ки оила намунаи беҳтарин ва олии ҳамзистии зану мард мебошад, ки бо сарварии волидайн баҳри беҳдошти ахлоқ ва муҳофизати насл, эҳтироми якдигар, таъминоти иқтисодиву маънавӣ чун хурдтарин созмони ҷомеа арзи вуҷуд дорад. Оила бояд, пеш аз ҳама, дорои макони зист бошад, зеро манзилу макон имкони зиндагии якҷояи гурӯҳи одамонро фароҳам оварда, ҷойи амнияти онҳо низ маҳсуб меёбад.

    Аз ин сабаб намунаи олитарини ҳаёти якҷояи инсонҳо, албатта, оила мебошад. Оила дар натиҷаи никоҳи байни зану мард ба вуҷуд меояд. Асоси ташкили оила никоҳ буда, он ба шинохти расмии муносибатҳои оиладорӣ асос мегузорад. Тавре маълум аст, ки аз азал тоҷикон мафҳуми «оила» ва «оиладорӣ»-ро муқаддас дониста, иззату эҳтироми байни аъзои оила, хусусан падару модарро ҳамеша ба ҷо меоранд. Яке аз хусусиятҳои хосси оила дар байни мардуми мусалмон, хусусан тоҷикон, падарсолорӣ маҳсуб меёбад. Дар ҳама ҳолат мард такягоҳи асосии оила – саробон, парастор, муҳофиз ба ҳисоб рафта, таъмини аҳли оила ба дӯши ӯ мебошад. Зан дастгиру мададгор ва ҳамсари вафодор буда, асосан ба тарбияи фарзандон машғул аст.

    Бояд гуфт, ки ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносии миллӣ ин ҳама натиҷаи тарбия дар оила аст, чунки маҳз дар оила фарзанд аввалин маротиба мафҳумҳои Ватан, озодӣ, падар, модар, дӯст доштан, асолати мард ва занро дарк намуда, аз назари ҷисмонӣ ва ахлоқӣ вобаста ба муҳити оилавӣ солим ба камол мерасад.

    Лозим ба ёдоварист, ки тарбияи оилавӣ асоси ҳама гуна тарбият аст, зеро маҳз дар муҳити оила бо кӯшишҳои волидайн, хешу пайвандон насли наврас аз ҷиҳати ахлоқӣ, ҷисмонӣ, зебоишиносӣ, меҳнатдӯстӣ, рафоқат, дӯстӣ, озодипарастӣ, шинохти неку бад тарбият меёбад. Инчунин, ҳамдигарфаҳмӣ, дӯст доштани зану мард низ ба тарбияи аъзои оила таъсири мусбат расонида, боиси хушбахтии онҳо мегардад. Аз назари дигар, тарбияи оилавӣ дорои масъалаҳои мубрам ва хеле мушкилест, ки ба он бисёр омилҳо, чун ирсият, маънавиёти калонсолон, саломатии фарзандон ва волидайн, таъминоти моддӣ ва маънавӣ, шароити иҷтимоӣ, шумораи аъзои оила, муносибат ба якдигар ва амсоли инҳо таъсир расонида метавонанд. Ин аст, ки фарзандони оила бояд дар фазои орому солими психологӣ, муҳити созгор ба воя расида, тарбияро аз оила гиранд. Зеро оила нахуст мактаби тарбияи инсон ва ташаккули тафаккури ӯ мебошад, ки тавассути он инсон минбаъд дар ҷомеа ҷой ва мақоми худро пайдо мекунад.

    Мутаассифона, имрӯзҳо, дар ҷомеаи мо нисбати оила ва афзалиятҳои он ҳар гуна муносибатҳои ноҷо ва ғайриинсонӣ зоҳир гардида истодааст. Махсусан, ҷавонон ба ин рукни муқаддас хоҳу нохоҳ арҷ намегузоранд, ки дар натиҷа оилаи онҳо вайрон гардида, ин ҳолат ба руҳия ва ҳаёти минбаъдаи онҳо ва фарзандонашон таъсири манфӣ мегузорад. Аз ин рӯ, ба ҳамаи ҷавонон муроҷиат карда мешавад, ки оиларо муқаддас дошта, дар ҳифзи ин рукни аҷдодӣ нақши сазовори хешро гузоранд.

Умедаи Акрамзода, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон