КОРҲОИ ОБОДОНӢ БАҲРИ ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷӯйбор”-и  Ҷамоати деҳоти Қумсангир Аксияи ҳизбӣ зери унвони «Якҷоя  месозем!» баргузор гардида, зимни баргузории аксияи мазкур 2 км роҳи кӯчаҳои деҳаи Ҷӯйбор бо ҷалби сокинону фаъолони деҳа тариқи ҳашари дастаҷамъона сангфарш карда шуд.

Масъулини  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия зимни чорабинӣ  бо сокинон ва фаъолони ҳизб  оид  ба  ҳадафҳои  пайгиронаи  ҲХДТ дар  татбиқи  ҳадафу  вазифаҳои  муайянгардида ва эълон  гардидани  Солҳои   рушди  деҳот, сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои  мардумӣ   ва  саҳм  гузоштан  дар истиқболу  таҷлили   сазовори ҷашни 35-  солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон андешаронӣ карда, зикр намуданд, ки вазифаи  ҳар  як  фарди  ватандӯст ин саҳм гузоштанд   баҳри боз  ҳам  ободу  зебо гардидани  Ватани азизамон мебошад.