СОАТИ СИЁСӢ

КИВ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Амалиёти муштарак санаи 28 майи соли 2022 дар тамоми муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон Соати сиёсӣ дар мавзуъҳои зерин доир мегардад:

  1. Вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар давоми моҳи ҷорӣ.
  2. Масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон;
  3. Таъмини волоияти қонун ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ ва муқовимат ба ҳолатҳои қонунвайронкунӣ.

Боиси зикр аст, ки НАҚШАИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАК ОИД БА ТАҲКИМИ НИЗОМИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҲУДУДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН байни ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН бо мақсадҳои зерин ба тавсиб расидааст:

  • баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рўҳияи ватандўстӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омўзгор
  • ҳавасманд гардонидани шахсиятҳои дорои имконияти хуби иқтисодӣ барои татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, дастгирии техникию ташкилии мактаби (муассисаи таълимии) хатмкардаи худ ва мутобиқ гардонидани он ба талаботи стандартҳои муосири таҳсилот

Вазифаҳои асосӣ ҳамчун ташаббуси ҳизбӣ чунинанд:

  1. Баргузории дарсҳои кушод зери унвони «Соати сиёсӣ» барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ
  2. Ташкил намудани вохўриҳои мунтазами хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зери унвони «Мактаби ман!» ва бо ин васила ҷалби шахсиятҳои дорои имконияти хуби иқтисодӣ ба бунёдкорию созандагӣ ва дастгирии техникии муассисаҳои таълимӣ

Барои дастрас кардани матни пурраи Нақша ба ин тугма ► зер кунед.

Соати сиёсӣ дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоӣ - муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон доир мегардад.

Ба ҳайси маърӯзачӣ дар Соати сиёсӣ шахсони соҳибтаҷриба, олимону коршиносони маъруф даъват карда мешаванд.

Барои маълумоти бештар ба кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ ва ё шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо муроҷиат намоед.