ҶАВОНОН ҚУВВАИ БУЗУРГ – НЕРӮИ СОЗАНДА ВА ОЯНДАИ МИЛЛАТ

Данғара:  

 Санаи 19 майи  соли 2022, бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар Қасри фарҳангӣ ноҳияи Данғара бо иштироки Раиси ноҳияи Данғара, муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин, чорабинии фарҳангӣ фароғатӣ баргузор гардид. Дар он якқаттор роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонони фаъоли ташкилоту идораҳо, гирандагони стпендияи Президентӣ ва иштирокчиёни фаъоли озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҳузур доштанд.

Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳия бо сухани табрикотии худ тамоми иштирокдоронро ва дар симои онҳо тамоми ҷавонони Тоҷикистонро бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо сарбаландиву тансиҳатӣ, хонаободӣ, пешравиҳои нав дар навро ва содиқ будан ба ин миллату Ватанро таманно намуданд.

Дар охири чорабинӣ ба як чанд ҷавони фаъоли  ташкилоту муассисаҳо, гирандагони стпендияи Президентӣ Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Данғара  супорида шуда, сипас баҳри болидарӯҳии ҷавонон чорабинии фарҳангӣ доир гардид.