ИДОМАИ ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Кӯлоб:  

Бахшида ба таҷлили 23- май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии "Технолог" бо иштироки роҳбари ташкилот Шоев А.Н., мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Кӯлоб Давлатҷон Ғафорзода ва дигарон чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ баргузор гардид.

Чорабиниро роҳбари ташкилот муҳтарам Шоев Алмосшо Наботович ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба Рӯзи ҷавонон самимона шодбош гуфтанд ва ҷиҳати дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати сиёсати давлатии ҷавонон ибрози андеша намуданд. 

Дар ҷараёни чорабинӣ омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъол бо ифтихорномаи раёсати Донишкада қадрдонӣ гардиданд.

Баъд аз фарҷоми қисмати тантанавии чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандони ҷавон зери роҳбарии сарояндаи шинохта, Давлатманд Холов пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд, ки басо ҷолибу хотирмон буд.