РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИИ ВНМО

Кӯлоб:  

Дар МДТ «Коллеҷи тибби ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» Рӯзи 29 ноябри соли 2023. конфренсия дар мавзӯи “Роҳҳои пешгирӣ аз бемории ВНМО” бахшида ба рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемори ВНМО.

Мавзӯи конференсия моҳияти илмию амалӣ дошта, барои ҳалли масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ нигаронида шудааст. Дар кори конференсия раҳбарияти коллеҷ, кормандони маркази ВНМО-и ш. Кӯлоб, устодон ва донишҷӯёни коллеҷ иштирок намуда, дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосҳои илмию амалӣ ноил гардидаанд, ба ҳадафҳои стратегӣ яъне солимгардонии ҷомеа равона гардидааст.

Конфренсияро муовини Директори МДТ «Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» Нуруллоева Сарвиноз кушода, муҳимияти татқиқот ва таҳлили масъалаи мазкурро дар ҳалли масъалаи тандурустӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Дар рафти чорабини мазкур аз ҷониби кумитаи тадорукот саволҳо ба иштирокчиёни конференсия пешниҳод шуда ва дар сатҳи аъло посух дода шуд ба кормандони маркази ВНМО-и ш. Кӯлоб аз ҷониби кумитаи тадорукот ба сипосномаҳо сарфароз гардонида шуд.