СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР КАФЕДРАИ ТАҲЛИЛИ МАТЕМАТИКӢ ВА НАЗАРИЯИ ФУНКСИЯҲО

Кӯлоб:  

Имрӯз дар кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳои факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Дар семинар мудири кафедра, номзади илмҳои физика ва математика Каримова Назокат, номзади илмҳои физика ва математика Хидиров Худойқул, номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Абдулазизов Абдулҳаким, муаллими калони кафедра Кулобиев Мирзо ва дигар омӯзгорону донишҷӯё иштирок намуданд.

Нахуст, мудири кафедра Каримова Назокат суханронӣ намуда, семинарро ҳусни оғоз бахшид.

Сипас, номзади илмҳои физика ва математика Хидиров Худойқул дар мавзуи “Харакатеристикаи муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ” баромад намуданд.

Дар охир атрофи мавзуи мазкур миёни омӯзгорон мубодилаи афкор сурат гирифт ва аҳли нишаст ба маърӯзакунанда саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.