БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “БОСТОНШИНОСИ ҶАВОН”

Кӯлоб:  

Барои боз ҳам беҳтару хубтар намудани донишу малакаи донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ як қатор маҳфилҳои илмӣ-адабӣ фаъолият мекунанд. Яке аз чунин маҳфилҳо ин маҳфили “Бостоншиноси ҷавон”-и назди кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих ба ҳисоб меравад.

Санаи 30-юми ноябри соли равон дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Бостоншиноси ҷавон” баргузор гардид.

Дар маҳфил муаллими калон Сайдалиев Рустам, асиссисенти кафедра Фаризаи Давлатмурод, роҳбари маҳфил-Лалбеков Собирҷон ва ҳайати омӯзгорону аъзоёни маҳфил ширкат варзиданд.

Сараввал роҳбари маҳфил суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид.

Сипас, Бухоризод Ҷаъфар - донишҷӯи курси дуюми факултет дар мавзуи “Мадрасаи Улуғбек ва мазори Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ҳамчун ёдгории таърихӣ”, Неъматуллоева М. - донишҷӯи курси дуюми факултет дар мавзуи “Ҳунармандӣ ва тарзи зиндагии Саразмиҳо” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар охир миёни аъзоёни маҳфил мубодилаи афкор сурат гирифт.