МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

Кӯлоб:  

Баргузори маҷлиси падару модарон бо иштироки мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб  Салимзода Нурулло дар (МТМУ) №24-и шаҳри Кӯлоб  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Навобод” мутобиқи дастуру супоришҳои мақомотҳои болои  дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” вохӯрӣ доир гардид. Зимни вохӯрӣ масъулин қайд намуданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз зумраи ҳуҷҷатҳои муҳиме мебошад, ки хусусият ва моҳияти бузурги иҷтимоӣ ва маънавӣ дошта, дар таълиму тарбияи маънавӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии фарзандон масъулияти волидайнро баланд мегардонад.  Дар охир аз ҷониби иштирокдорон суолҳо пешиниҳод карда шуда ва онҳо ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои қаноатбахш грифтанд.