Шаҳодатномаи ҳизбӣ яке аз ҳуҷҷати асосии ҳар як аъзои ҳизб ба шумор меравад. Аз ин рӯ ҳар як аъзои ҳизб барои тозаву озода ва бо тартибу низоми муайян нигоҳ доштани шаҳодатномаи ҳизбӣ масъул аст.
Бо мақсади баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин васила муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар доираи Амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 ба кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Интернатсионал”, ки ба сафи хизб аъзо шуданд шаходатномаҳои ҳизбияшонро дар вазияти тантанавӣ такдим намуданд