Тибқи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҳамасола 24 – уми ноябр ҳамчун Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16 –и Шурои Олӣ қабул шудааст. Парчами давлатии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст: - рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи поён- сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст: - рӯи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқшуда ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира кашида шудааст; - ранги сурх – мубориза ва ҷонисории халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият; - ранги сафед – бахту иқболи сафед, нияти неки халқамон; - ранги сабз – саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишварамон сарсабзу хуррам мешавад. Тоҷикистон дар тули таърих дирафши бисёру гуногуне дошт. Вале таърихи мавҷудияти на ҳамаи онҳо аниқ мебошад. Ҳатто, соли қабули парчами Аморати Бухоро аниқ нест. Байрақи Амири Бухоро аз ду ранг – сабзу сурх, моҳу ситора ва як навиштаҷоти зарҳалӣ сохта шуда, дар канори чапи рӯи хати сабз «Султон сояи Аллоҳ дар рӯйи замин аст» ҳакокӣ шуда буд. Соли 1921 – ум парчами Ҷумҳурии халқии шӯравии Бухоро ба таври куллӣ фарқ намекард. Танҳо ба ҷойи навиштаҷоти «Султон – сояи Оллоҳ дар рӯйи замин» чор ҳарф «БНСР» дар ҷойи дода шуда, ки кутоҳшудаи «Бухарская Народная Советская Республика» аст. Пас аз се сол ранги парчам сурх шуд. Дар солҳои 1924-1929, парчами Тоҷикистон саропо сурх буд, фақат дар канори чапи он акси доси тоҷикиву балға, ситора, пахта ва навиштаҷоти нав ба хатти форсӣ – «Пролетариатҳои ҳамаи ҷаҳон як шавед!!» ҷой гирифт. Соли 1953 Парчами Тоҷикистон таъғйир ёфт. Ин дафъа сохтораш нисбатан соддатар буд: буд аз боло ба поён ранги сурх ва дар миён ду хати нисбатан борики сафеду сабз. Дар гӯшаи чап, аз боло досу болға ва ситорача ҷойи худро ҳифз карданд. Ин охирин парчами Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон буд, ки то соли 1991 арзи ҳастӣ кард. Парчаму парчамдорӣ ба халқи мо аз агузашта мерос мондааст. Дар асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» муборизаи Коваи оҳангар ба муқобили Заҳҳоки хунхор овада шудааст. Коваи Оҳангар пешдомани худро, ки ранги сурх дошт, дирафш кард ва халқи азияткашидаро ба мубориза даъват намуд. Мардум дар зери ин Парчам, ки бо номи «Дирафши Ковиён» машҳур аст, ҷамъ омаданд ва бар Заҳхок ғолиб гаштанд. Рангу аломатҳои Парчам ифодагари воқеияти роҳи таърихии халқи бостонии мост. Дар Парчами кишвари мо даъват ба иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номуси ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум, саъю талош барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар ва инсонияту башардӯстии миллати мо таҷассум гардидааст. Дар назди парчами давлатӣ аз Президенти кишвар сар карда, то сарбози одӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд. Парчам ба шарафи тантанаи миллӣ, ҳамоишҳои расмӣ, бо шарафи пирӯзиҳои варзишгарон зери Суруди миллӣ барафрохта мешавад. Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва соири ақсои олам парафшон буда, аз мавҷудияти давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ, озоду ягона дарак медиҳад.
Ашурова Моҳира- омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Коллеҷи омӯзгории ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ