ТОҶИКОН ТАБИАТАН ДӮСТДОРИ ВАРЗИШАНД

Вахш: Созандагони ватан  

Бо мақсади иҷрои Барқияи телефонии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз 25 октябри соли 2023, №1/3-34, бахшида ба 29 солагии таъсисёбии ҲХДТ, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ байни бонувону ҷавондухтарон мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол идома дорад. 

Мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол байни духтарони муассисаҳои таълимии №13 ва МТМУ №24-и ноҳия дар як фазои дӯстиву рафоқат хеле шавқовар баргузор гардид, ки дар он бо ҳисоби 2 бар 0 дастаи духтарони МТМУ №13 ба МТМУ №24-и ноҳия дастболо гардиданд. Ҳадаф аз баргузории мусобиқа рушди варзиш ва равнақ бахшидани бозии  волейбол дар байни духтарон маҳсуб мешавад.

Мусобиқаи мазкур то 10 декабр идома дошта, беҳтарин дастаи волейболбозони духтаронаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия  муайян гашта, бо ҷом, туҳфаҳои хотиравӣ ва сипсономаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш