Ҳарчанд то оғози маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон вақти муайяне боқӣ мондааст, вале ҷавонони зиёди бо ору номус бо ифтихорӣ баланди ватандорӣ барои хизмат дар сафи Артиши миллӣ омода шуда истодаанд.
Бо корбарии якҷояи КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, МИҲД шаҳри Кӯлоб, Комисарияти ҳарбии шаҳр ва дигар фаъолони ҳизбӣ як нафар ҷавони фаъол Шералиев Азизҷон Турахонович соли таваллудаш 2005 зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб ҷ/д Зиракӣ деҳаи Офтоблиқо барои рафтан ба хизмати ҳарбӣ ҳамчун сарбози ихтиёрии ҳизбӣ худро дар комиссариятҳои ҳарбии шаҳр номнавис кардааст.
Ин гувоҳи он аст, ки шароити хуби хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ теъдоди зиёди ҷавононро бо хоҳиши худ ба ҳимояи марзу буми Ватан ҷалб месозад.
Ҳамзамон, дар шаҳри Кӯлоб корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва омодагии ҳарбии ҷавонон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.