(ба муаллифи сатрҳои Каҳбае аз ....)
Аз бузургони адаб ҳикмате мавҷуд аст, ки «Дар забони дуруя мазза ва дар қалбаш фасод мавҷуд аст».
Аз сапедадами таърих, аз дирӯз, фардову пас фардо то кунун дар ҷомеаи мо зан-модар, умуман бонувон мавриди эҳтироми хос ҳастанд. Ба ин ҷинси латиф аз лиҳози руҳию моддӣ ва маънавӣ эҳтиромоти бештар зоҳир ва татбиқ мегардад. Ҳатто қонунгузории башарият дар ин самт муносибати вижа дошта, аз назари эҳтирому ахлоқ, одобу тамиз ва меҳрубонию иззатмандӣ корбарӣ менамояд.
Тибқи моддаи 5-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикисотон ҳаёт қадр номус ва дигар ҳуқуҳои фитрии инсон дахлнопазиранд ва ҳифз карда мешавад. Дахлнопазирии инсон се ҷанба дорад: руҳӣ моддӣ ва маънавӣ. Мафҳуми «номус» дар муносибат бо занону бонувон дахлнопазирии равонӣ ва маънавии онҳоро ифода мекунад. Лиҳозо дар ҳаққи занону бонувон суханҳои бад, қабеҳ ва туҳмат кардан ба иззати нафси онҳо нохун задан аст. Қадру қиммат ва шарафи шахс низ омили муҳими зуҳуроти ҳуқуқии инсон буда, аз тарафи давлат ва Конститутсия ҳамаҷониба ҳимоя мешавад. Дар рӯзномаву маҷалла, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дар танҳои низ ба қадр ва шарафи занону бонувон дахолат кардан манъ аст.
Аммо имрӯз мутассифона бархе аз доираҳои алоҳида, возещтараш як одами солхӯрда низ, ки ба қавли худашон «дигарандешу озодбаёнанд», чун ақлхӯрда ба ин кор даст мезанад, ки аз фитрати паст ва касифии зоҳиру ботини худашон дарак медиҳад. Додоҷони Атовулло чанд рӯзе пеш дар саҳифаи худаш матолиберо унвонии «Қаҳбае аз ҷалабхона» расонаӣ кард, ки бори дигар аз пастфитратию, бешарафӣ, бехирадию, кӯтаҳандешагӣ, ақлхӯрдагию, ҷоҳилӣ ва ба ибораи худаш вопасмондагю ханносиии худашро бештар аз ҳар вақти дигар зоҳир намуд. Чаро, ки инсон ҳатто дар рақобати рӯ ба рӯйи сиёсиву, фарҳангӣ, варзишию иқтисодӣ чунин амалу рафторро раво намебинад, дар ҳоле, ки рақиб агар зан-модар, умуман бону бошад. Ин дар ҳолест, ки зан-модар ва бонуе, ки мавриди назари ин ханнос аст, фарҳехтаву бофазилат, оқила, хирадпеша, дурандеш, бозаковат, отифа, донишманд ва ходими намоёни фарҳангию, сиёсӣ ва ҷамъиятии ҷомеаи муосири кишвар аст.
Дар муқобили ақл ва хирад бояд ақл ва хирад биистад, ки аз он рушд ва созандагии бештар ҳосил шавад. Ин нукта рушан аст, ки дар муқобили Додоҷон Атовуло ва аксари кулли онҳое, ки худро дигарандеш ва гуруҳи мохолиф медодананд (ғолибан онҳо мухолиф нестанд) кинаву буғзу, ҳасад, бихилию фиреб, дуруғу найранг, туҳмат, ҳангомабофию нотавонбинӣ истодааст, ки ин ҳама шаҳодати он аст, ки онҳо худашон вомондагон, хабисон, васвосҳо, ханносҳо, пастфитратон ва аз таги дор гурехтагиҳое мебошанд, ки дар ҳар гӯшаи олам улос мезананд.
Ба қавли шоир:
Ҳазорон корвон рафтанд дав-дав,
Ҳанӯзам ин сагон доранд ав-ав.
Ба назар чунин мерасад, ки муаллифи сартрҳои “Қаҳбае аз ...... ” ақлгумкарда ва ё ақлхӯрда (гирифтори касалии рӯҳӣ) мебошад. Зеро дар навиштаҳояш натанҳо ба равандҳову ҳаводис таваҷҷуҳ намекунад, балки чун роҳгумзада шахсиятҳо ва одамҳои чун тоифаи худаш барин мухолифро ҳам бадҷаҳлона часпида гоҳу ногоҳ, ҷову ноҷо сиёҳ мекунад ва ба доми найрангу дасиса мекашад. Хонандаи закӣ шояд ту гумон мекуни, ки ин ба Додоҷони Атовулло таъсирпазир мешавад? Ба гумон....
Зеро ба сухани Саъдӣ:
Саъдиё бо кар сухан дар илми мусиқи хатост,
Гуши ҷон бояд, ки маълумаш кунад асрори дил.
Вализода Муҳаммад
коршиноси масоили сиёсӣ