МО БО ЧУНИН БОНУИ МУБОРИЗ МЕФАХРЕМ

Данғара: Андеша  

Хайринисо Юсуфӣ яке аз бонувоне мебошанд, ки боиси ифтихору сарбаландии мо тоҷикон аст. Зеро чунин бонуи хушлиқою хушсухан, хушрафтору донишманд, ки миёни ҷомеа эҳтироми хосаро касб намудаанд каме дар каманд. Нисбати чунин як бонуе, ки сар то қадам аз ватандорию ватансолорӣ насли имрӯзаро дар рӯҳияи ифтихор аз хештаншиносию арҷгузорӣ тарбия намуда, аз минбарҳои баланди мамлакат садои пур зимеҳру муҳуббату самимияташро шунида, имрӯз бонувони ҷавоне, ки ба худ Хайринисо Юсуфиро ҳамчун идеали худ пазируфтаанду бо гуфтору суханварию амалҳояш пайравӣ мекунанд. Дар воқеъ ноҷавонмардона  нисбаташон душманони миллат суханҳои носазо гуфтанд. Ҷавобан ба гуфтаҳои он душманони миллат, ки пур аз қабеҳ ва туҳмату дуруғ аст нафрат мехонаму гуфтаниям, худ мард шуда дар майдони сиёсат ба як рӯза хизматҳои чунин зани содиқ ба халқу миллат баробар нестӣ. Агар худро содиқ ва ғамхори миллат мешумориди ҳеҷгоҳ ҳеҷгоҳ хориҷаро паноҳгоҳ интихоб намекардиву мисли сагҳо аз дур гоҳ як тараф ва гоҳ як тарафи дигар аккос намезадӣ.

Фарзандони содиқу вафодори миллат мисли Пешвои миллат дар ватан барои пешравии ин сарзамини аҷдодӣ кору хизмат мекардан. Ҳайфи ту барин беватан,  ки дар  беватанӣ мисли сагони дайду мегарди, барои ту барин тоҷик ин хоку ин хокдон ҳайф аст. Зан будани Хайринисо Юсуфӣ аз Шумо барин мардони ватанфуруш ҳазорҳо бор беҳтар аст. Чун, ки ба зан будану иродаи мардидоштанаш ба халқу миллат дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истода даст болои қалб монда содиқона хизмат намуда истодаанд.

Каримзода Пирмуҳаммад Авғон,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара.