Муаллим ба қавли бузургон муҳандиси руҳии инсон аст. Тавре, ки муҳандис нақша ё созмони ягон кореро ташкил медиҳад, муаллим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб меомузад ва онҳоро ба ҳаёти солими оянда омода месозад. Муаллимро оинаи халқ мегуянд. Оинае, ки ба он нигариста камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Яъне омузгор ибратомузест, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамаш саропо ибрати соҳибдилон аст. Муаллим, омузгор — вожаҳое, ки барои фарзанди инсон ошною муқаддас. Зери ин калимаҳои бузург омузандаи илму дониш, фарҳангу адаб ва пешвою оинаи миллат таҷассум меёбад. Муаллим шахси барумандест, ки аз хурдӣ инсонро илму адаб омухта, ӯро ба воя мерасонад. Ӯ бузургшахсест, ки дар баробари волидони мунису ғамхор касро олами маънӣ меомузонад. Муаллим аз ҳар як норасоиву носазоиҳо ва беаҳмиятии шогирдони худ ба изтироб меафтад. Қуввати худро барои тарбияи фарзанди мардум дареғ намедорад. Мекӯшад, ки бо вуҷуди машаккатҳои зиёду бепоён шогирдро ба воя расонад ва соҳибмаълумот гардонад. Миллати куҳанбунёд ва маорифпарвару илмдӯсти тоҷик имрӯз низ ба муаллим арҷ мегузорад, ӯро сабаби рушду тараққии инсону ҷомеа медонад. Хулоса, муаллим роҳнамою ҳидояткунанда, мунису ғамхор, дӯсти беғараз аст. Ӯ бо нури илму дониш олами фикриро равшан намуда, равзанаи дунёи пурасрори илмро ба рӯи шогирдон мекушояд. Деҳқону муҳандис, духтуру шоир ва касбгирандагони дигар низ парвардаи омӯзгоранд. Чуноне, ки шоирони бузургдошт қайд намудаанд:
Муаллим устоди беҳтарин аст,
Сафобахшанда дар рӯи замин аст.
Диҳад илму адаб бар насли наврас,
Бузургии муаллим дар ҳамин аст.
Юсупова Г, Мутахассиси бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус.