ХОНИШИ СИЁСӢ ДАР БОҒЧАИ №8

Фархор:  

Санаи 19 сентябри соли ҷорӣ бо мақсади иҷрои дастуру супориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамроҳ оид ба баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар “Боғчаи №8” бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Масъулин оид ба таълитму тарбияи кудакону наврасон миёни кормандони Муассисаи томактабии №8 суҳбат намуда иброз доштанд, ки таълиму тарбия ва ба воя расондани насли ҷомеаи имрӯза масъулияти ҷиддиро аз аҳли ҷомеаи муосири Тоҷикистон талаб менамояд, зеро таълим ва тарбияи насли наврас аз домани модар ибтидо гирифта, то ба мустақилият қадам гузоштан эҳтиёҷ дорад.Таълиму тарбия дар пешгирии даст задани ҷавонону наврасон ба содир намудани ҷинояту қонуншиканӣ нақши муҳим дошта, қарзи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа маҳсуб меёбад. Соҳаи маорифу муассисаҳои таълимӣ бояд дар иҷрои ин амри муҳим нақши бештаре дошта бошанд, вале мутаассифона дар ин самт камбудиву норасоиҳо дар баъзе аз муассисаҳои таълимӣ ба мушоҳида мерасад.Бинобар ин бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дуруст ва сари вақт ба таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ додани падару модарон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пешниҳод нардида, баъди муҳокимаи умумихалқӣ қабул гардид, ки он дар ҳол қобили қабули аҳли ҷомеа гашта, баҳри пешгирӣ кардани ҳар як амалҳои номатлуб аз тарафи ноболиғон ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани падару модаронро нисбат ба бемасъулиятии таълиму тарбияи фарзанд равона гашта, натиҷаҳои зиёди мусбӣ ба бор овард, ки имрӯз дар доираи давлатҳои ИДМ чун таҷрибаи пешқадам омӯхта мешавад.