Ватан ифтихор, ватандорӣ саодати мост – мегўяд мардуми тоҷик. Оре, Ватан, Меҳан як вожаи бузургу муқаддас ва сарзаминест, ки дар зери мафҳуми он пайвандон, ниёгон, забони модарӣ, ҷуғрофия, илму маърифат, тамаддун ва таърихи ҳар як халқу миллат фаҳмида мешавад. Ҳар фарди бо нангу номус бояд зодгоҳи зодманду пайвандони худ ё ин, ки ба андешаҳои бузургон «сарзамини поки ниёгонаш»-ро дўст дорад, муҳаббат ва садоқати бепоён ба он дошта бошад, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолияти кишварашро ҳифз намояд. «Дӯст доштани Ватан – аз гӯшаи имон аст» гуфта шудааст дар як ҳадиси ниёгонамон.
Албатта ин суханҳоро шахсоне дарк мекунанд, ки Ватани хешро дўст медоранд. Аммо шахсоне ҳастанд, ки барои несту нобуд кардани Ватан фирефтаи ҳаргуна ТЭТ гардида, фурўхта мешаванд. Ин гуна шахсон, барои маблағи ночиз имони худро фурўхта, аз падару модар, ҳамсару фарзандон ва додару хорҳарони хеш ҷудо мегарданд. Чунин шахсон аз сабаби дониши кофӣ надоштан ва паст будани сатҳи маърифатнокӣ даст ба чунин кирдорҳои номатлуб мезананд. Дар натиҷа ҷанги даҳшатнок ва хунрезӣ ба миён омада, фарзандро бе падар, волидонро бе фарзанд, занонро бева ва фарзандонро ятим мекунанд. Аммо бояд мо ба қадри тинҷиву осоиштагӣ, ваҳдату Истиқлолияти миллӣ, сулҳу субот расида, барои пешравии Ватан саҳмгузор бошем.
Боиси зикр аст, ки Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммад Иқболи Садрдин, Ҳусен Ашуров, гуруҳи-24 яке аз шахсоне ҳастаанд, ки ба қадри тинҷиву осоиштагӣ, ваҳдату Истиқлолияти миллӣ, сулҳу субот намерасанд. Онҳо мехоҳанд зери фишорҳои мардумони муҳоҷир ва дохили кишвар, ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷавонони ноогоҳро ба коми фитнаи худ кашада ва дар байни мардум хилофатро барпо кунанд.
Бинобар ин мо – шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият Истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.
Файзизода Каримҷон Нозил - раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ