Тозагии муҳити зист иқдоми наҷиб аст

Н.Хусрав:  

      Сабзу хуррамгардонии муҳити зист ва тозаву озода нигоҳ доштани он  яке аз василаҳои муҳимтаринест, ки дар ҳифзи саломатии одамон аҳамияти авалиндараҷа дорад.

 Дар таърихи 16-уми моҳи сентябри соли 2023 тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия бо ташаббуси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ба ҳашари дастаҷамъона баромаданд.  Кормандони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия  зиёда аз  1км роҳи шоҳроҳи калони ноҳияро  тозаву озода намуданд.

           Ин иқдоми наҷиб ҳар рӯзи шанбе дар ноҳия  ба ҳукми  анъана даромадааст.