Дарки масъулияти шаҳрвандӣ

КИВ: Андеша  

Ҳафтаи гузашта пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе  мизбони муҳимтарин чорабиниҳои бузурги сиёсӣ ва фарҳангии сатҳи ҷаҳониву минтақавӣ ба ҳисоб мерафт. Танҳо дар доираи Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ҳамзамон, дар шаҳри Душанбе  Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказ,  ҷаласаи вазирони Осиёи Марказӣ, Форуми роҳбарони ҷавони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Муколамаи занони Осиёи Марказӣ ва ғайраҳо  доир гардид, ки хабару гузоришҳо аз рафти ин маросиму чорабиниҳо дар сархати расонаҳои минтақа ва саросари ҷаҳон қарор дошт.

Ҳамзамон, ташкили Намоиши фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар барномаҳои фарҳангӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе ба рӯйдодҳои муҳими ҳафтаи гузаштаи пойтахт шукуҳу шаҳомати дигар бахшида буд.

Мусаллам аст, ки бо мурури густариши робитаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамолики дунё ва ташаккули муносибатҳои байналмилаллӣ,  натанҳо сарони кишварҳои олам ва сиёсатмадорону меҳмонони  сатҳи гуногун шоҳиди ободиву пешрафту зебоиҳои Тоҷикистон мегарданд, балки дурбинҳои расонаӣ аз муҳиту табиати зебоманзари шаҳри азизамон аксу наворбардорӣ менамоянд, ки интишору чопи он дар воситаҳои авхбори оммаи  олам омили ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ барои сайру сайёҳат ба Тоҷикистон ва шаҳру вилоятҳои дурдасти он мегардад.

Биноан,  муҳимтарин тадбирандешӣ ҷиҳати муаррифии шаҳру минтақаҳои гуногуни кишварамон ҳамчун диёри меҳмоннавозу ободон ва сарсабзу зебову мардумонаш фарҳангдӯсту маданӣ, ин тақвият бахшидани чорабиниҳои фарҳангӣ- воқифгардонӣ  миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа, ба хусус сокинони марказҳои маъмурӣ ва мавзеҳои аҳолинишини шафати шоҳроҳҳо мебошад.

Зеро,  ҳар нафар аз меҳмонону сайёҳони хориҷӣ, ки вориди қаламрави Тоҷикистон мегардад, дар бозгашт таассуроти хотирмон аз диду мушоҳидаҳои худро тавассути расонаҳои хабарӣ ифшо намуда, ё дар суҳбатҳои инфиродӣ ба ҳамватанони худ қисса хоҳад кард, ки ин метавонад ба ҷалби дигар сайёҳону ҷаҳонгардон мусоидат намояд ва ё баръакс, боиси дилсардии мардумоне гардад, ки хоҳони сафар ба кишвари моро доранд.

Аз ин лиҳоз, ончуноне, ки ҳафтаи равон аз кӯчаву хиёбонҳои сарсабзу ороёфтаи пойтахти кишварамон эҳсоси фараҳмандӣ доштем, метавонем марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро низ тозаву озода ва ба гулистон табдил диҳем.

Албатта бо шарофати омодагӣ ба ҷашнҳои бошукуҳ ва рӯи даст гирифтани иқдомҳои ободониву сабзкорӣ марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо ва вилоят ободу зебо гардидаанд. Аммо моро мебояд, ки  бобати беҳдошти вазъи санитарӣ,  назорату нигоҳубини гулгашту боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, баланд бардоштани фарҳанги муошират дар ҷойҳои ҷамъиятӣ  таваҷҷуҳи бештар бояд дошта бошем. Ба хусус, дар ҳамин мавсими фарорасии фасли тирамоҳ, ки дар баробари хазонрези дарахтони ороишиву сояафкан, боз ҳам риоя нагардидани қоидаҳои тозагии муҳити зист, муносибати носолими баъзе роҳгузарон нисбат ба гулу буттаҳои ороишии мавзеҳои ҷамъиятӣ ҳусни марказҳои маъмурии шаҳру навоҳии вилоятро коста мегардонад.

Бинобар ин, бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳисси меҳру муҳаббат ба ҳар як гӯшаи ободу сарсабзи шаҳри азизамон муҳим аст, ки ҳар фарди шаҳрнишин барои тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои шаҳру макони зисти худ саҳмгузор бошад. Яъне, масъулияти шаҳрвандӣ ба анҷоми иқдоми наҷибе ҷиҳати ободониву сарсабзии як гӯшаи диёр маҳдуд набуда,  балки ҳифзи тозагии кӯчаву хиёбонҳои шаҳри худ, тарбияи наврасону кӯдакон дар руҳияи дӯстдории табиат ва ёдоварии онҳо бобати ҳифзи муҳити зист вазифаи ҳамешагии мо - сокинони худогоҳу ватандӯст арзёбӣ мегардад.

 

Ҷамолиддин УСМОНИЁН, шаҳри Бохтар