Мо самараи 32-соли ободониву созандагӣ ва бунёдкориву хуррамиро бо чашми хеш дида истодаем, ки саҳми ҳар як фард аз хурд то бузурги миллати тоҷик назрас аст. Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поягузор ва меъмори сулҳу ваҳдат, мактаби созанадгиву бунёдкорӣ ҳамчун роҳнамо барои ҳар як фарди меҳандӯст ва соҳибватан шинохта шуда, ҳар як сухани некаш панди ҳаррӯза ва сармашқи кори мост. Бо пайрави аз сиёсати ободкоронаву созандагонаи Пешвои муаззами миллат имрӯзҳо ҳашарҳои дастаҷамъона дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо маром идома дошта, корҳо бо як вусъати баланд иҷро гардида истодааст. Дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи №5”-и ноҳия ҳашари дастаҷамъона гузаронида шуд, ки дар он кормандон гирду атрофи ташкилотро аз ҳар гуна партову алафҳои бегона ва худрӯй тоза намуда, саҳми хешро дар зебогиву тозагии ташкилот гузоштанд.