БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА "РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН"

Ховалинг:  

Дар асоси қарори Шӯрои ташкилоти ибтидоии щизбии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, ноҳияи Ховалинг дар як қатор муассисаҳои таълимии ҳудуди Ҷамоати деҳот дар сатҳи баланди сиёсӣ, маданӣ ва фарҳангӣ чорабиниҳо баргузор карда шуд.

Махсусан, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18- и деҳаи Сафедшаҳрак бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабиниҳо аз қабили шоҳмот,шашка, велосипедронӣ дар масофаи 500 м ва 100 м, расмкашӣ,ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

Ҳар даври мусобиқаҳо ҷамъбаст гардида, ғолибон бо сипоснома ва ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.