КӮДАКОН ЗИНАТБАХШИ ЗИНДАГИИ МО.

Балҷувон:  

1-уми   июн Рӯзи  умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон маҳсуб мешавад. Ин рӯзи  ба ҷомеа ёдовар шудан аз зарурати риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар аст.

Кӯдакон категорияи махсусан ҳифзшаванда буда, зери ғамхории давлат қарор доранд. Дар ин самт бо назардошти манфиатҳои беҳтарини кӯдакон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо дар ҷумҳурӣ дар самти сиёсат, қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ тамоми тадбирҳо андешида шуда, ин раванд пайваста такмил дода мешавад.

Бояд гуфт, ки яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак- ин фароҳам овардани муҳити ба кӯдакон созгор ва бартараф намудани ҳолатҳои ба ҳаёт ва саломатии кӯдакон хатарнок мебошад. Аз ин лиҳоз, падару модарон ва дигар намояндагони қонунии кӯдак, аҳли ҷомеаро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон талош варзанд.