1-ИЮН РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲОФИЗАТИ КӮДАКОН

Балҷувон:  

Имрӯз дар қасри фарҳанги ноҳияи Балҷувон бо иштироки муовини раиси ноҳияи Балҷувон Ҳақназарзода Б, чорабинии идона бахшида ба як моҳи ҳаёти кӯдакон баргузор гардид.

Зимни баромади хеш Ҳақназарзода Б. Тамоми дӯстрӯякон ва дар симои онҳо тамоми кӯдакони оламро бо ин ҷашни фархунда шодбоши намуда, иброз намуд, ки тарбияи насли наврас хусусан кӯдакон аз муҳити оила оғоз гардида, кӯдакистонҳо, мактабҳо, ҷомеа низ дар таълиму тарбияи онҳо  масъул мебошанд.

Пешвои муаззами миллат барои наслинаврас тамоми шароитҳоро муҳаё сохта, имрӯзҳо мо шоҳиди ин ҳама дастгириҳо мебошем, ки дар ҳар як ҷашну маросимҳо нисбат  ба қишри ниёзманди ҷомеа кӯдакони бекасу танҳо, маъюбону ниёзмандон, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Бояд мо низ ҷавобан ба ин ғамхориҳои падаронаи Роҳбарияти олии мамлакат содиқонаву софдилона хизмат намуда, насли ояндасози миллати куҳанбунёди тоҷикро дар масири худшиносиву худогоҳӣ тарбият созем.

Дар охири чорабинии мазкур ба якқатор кӯдакони фаъол аз руйи шартҳои ровии беҳтарин, шеърхони беҳтарин, навозанда, гулпарвар, барномасози беҳтарин, рақоси беҳтарин сурудхони беҳтарин, расми беҳтарин, иншо ва хатти беҳтарин туҳфаҳои хотирмон супорида шуд.