Чандест, ки бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва дар қатори онҳо ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни дарпешистодаи 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳашар баромада, дар бунёди воҳидҳои ҷашнӣ ва боз ҳам обод ва зебо гардонидани мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, таъмири роҳу пайраҳаҳо саҳми арзандаи худро мегузоранд. Аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Восеъ”,”Ҳифзи табиат” “Рӯзнома” ва “ Ташаббускор” давоми як ҳафта аст, ки дар Боғ – осорхонаи Қаҳрамони халқи тоҷик – Восеъ ба корҳои ободонию хуррамгардонии мавзеъ машғуланд. Дар натиҷаи меҳнати аъзоёни ин ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ин макон боз ҳам зеботар, боз ҳам диданитар ва боз ҳам дилкаштару ободтар гардидааст. Аъзоёни ташкилотҳои номбурда азми қавӣ доранд, ки зодгоҳи Қаҳрамони халқи тоҷик – Восеъро ба як ҷойи сернуфузтарини сайёҳӣ табдил диҳанд, ки кас аз тамошои он сер нашавад. Рӯзи 1 – уми июн ҳам дар Дараи Мухтор кор ҷӯш мезад . Кӯшиши ба ҳашарбаромадагон ба он равона аст, ки корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ ва хурррамгардониро дар рӯзҳои наздик ба итмом расоананд.
ҲАШАРҲОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ҲИЗБИЁН ВА ҶОНИБДОРОНИ ҲИЗБ БА ОБОДИЮ ХУРРАМГАРДОНИИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТИ НОҲИЯ МУСОИДАТ НАМУДА ИСТОДААСТ.
Ховалинг: