Зимнан бояд гуфт, ки аввалин ва баландтарин ҳадаф ва сиёсати Тоҷикистони соҳибистиқлол- ин баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум ва пайваста паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат мебошад. Ин ҳадафҳо дар паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии пайваста таъкид карда мешаванд. Дигар ин ки Ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ ба кӯдакон, таълиму тарбияи онҳо, парвариши беҳтарин эҳсосот: инсондӯстӣ, башарпарварӣ, дӯст доштани Ватан, китоб ва донишро дар мадди аввали сиёсати давлатдории худ қарор додаанд. Ба асос ва заминаи чунин сиёсат он чиз ҳам далолат мекунад, ки дар фарҳанги қадимиву оламшумули миллати мо масъалаи фарзанду фарзанддорӣ ҳам аз ҷиҳати педагогиву дидактикӣ ва ҳам аз ҷиҳати илму адаб таҷрибаву собиқаҳои ибратомӯзи зиёд дорад.