ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ДАР МТМУ №18

Ховалинг:  

Санаи 31-уми майи соли равон дар МТМУ №18-и ноҳияи Ховалинг чорабинии идона бахшида ба “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг, маъмурияти муассиса, омӯзгорон ва хонандагони муассиса иштирок намуданд. Нахуст бо сухани табрикотӣ Ҳакимов Шарифхон баромад намуда, хонандагонро ба ин рӯзи фархунда табрику шодбош намуд.

Инчунин қайд намуд, ки ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва ҳуқуқҳои кӯдакон вазифаи муҳими давлат ва яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон, таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардидаанд. Дар натиҷаи ин саъю талошҳо ҳаёти фарзандони кишвар сол аз сол беҳтару рангинтар мегардад.

Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки имрӯз насли навраси болаёқат Ватани азизи моро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Онҳо дар олимпиадаву озмунҳо, мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ ва миллӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён, медалу дипломҳои дараҷаҳои гуногун ва ифтихорномаҳо мегарданд.

Дар ин рӯзи ид ба падару модарон, бобою бибиҳо, омӯзгорон ва ҳамаи онҳое, ки қувваю дониши худро баҳри тарбия ва инкишофи насли навраси кишвар равона месозанд, миннатдории худро баён намуда, ба онҳо дар ин ҷода муваффақиятҳо орзу менамоям.

Сипас, намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия доир ба «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон» ба сухан баромада, кӯлли толибилмони муассисаро ба ин рӯз табрику таҳният намуд.

Дар анҷоми чорабинӣ хонандагони фаъол бо ифтихорнома сарфароз гардиданд.