Вохӯри судманд бо хонандагон ва волидайни онҳо

Восеъ:  

Соҳаи маориф на танҳо яке аз соҳаҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки пояи муҳимтарини давлатдории миллӣ, омили таъминкунандаи рушди устувори давлат ва шарти асосии пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло соҳаи маорифи мамлакат дорои шабакаи рушдёфта ва гуногуншакли муассисаҳои таълимӣ мебошадДар МТМУ №35-и деҳаи дурдастарини ба номи Баҳористон воқеъ дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ вохӯрӣ бо хонандагон ва волидайни онҳо баргузор карда шуд. Дар вохӯрии баргузоргардида роҳбарияти муассиса оиди масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ намуда, аз волидон барои беътараф набудан дар таълиму тарбияи фарзандон даъват ба амал оварда шуд. Ҳамзамон зикр карда шуд, ки муаасисаҳои таълимӣ, волидайн, аҳли ҷомеа ва тамоми шаҳрвандонро мебояд, нисбати ояндаи ҷавонону ноболиғон, ки қишри ояндасози миллату давлат ба шумор мераванд, бетараф набуда, баҳри ояндаи дурахшони онҳо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳанд.