МАЧЛИСИ ПАДАРУ МОДАРОН, ЯКЕ АЗ ШАКЛХОИ АСОСИИ РОБИТАИ МАКТАБ БО ОИЛАҲОИ ХОНАНДАГОН МЕБОШАД

Восеъ:  

Вохӯрӣ бо падарону модарони хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Восеъ бо маром идома дорад. Ва чунин як вохӯрӣ дар МТМУ №44-и ҷамоати деҳоти дурдастарини ноҳия ба номи Худоёр Раҷабов баргузор карда шуд.Зимни суханрониҳо аз ҷониби омӯзгорон зикр гардид, ки гарчанде аз қабули қонун дар бораи “Масъулияти палару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” чандин сол сипарӣ гардида бошад ҳам, вале ҳамоно баъзе аз падару модароне ҳастанд, ки муқаррароти ин қонунро нодида гирифта, ба таълиму тарбияи фарзанди худ саҳлангорӣ мекунанд, ки ин омил оқибат ба сар задании қонуншиканиву ҷиноятҳои гушношунид меанҷомад. Мутаасифона ҳодисаю воқеаҳои солҳои охир, алалхусус муноқишаҳои гурӯҳӣ дар миёни мактаббачагон, содиршавии ҷиноят ва амалу кирдорҳои номатлуб аз тарафи онҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар баробари сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ беҳбудии ҷиддиро талаб намудан, ҳамзамон волидайн ва нафарони дар таълиму тарбияи фарзанд муваззафбударо мебояд, ҷиҳати ояндаи фарзандони худ бетараф набошанд.