ОЯНДАИ ҶОМЕА ДАР ДАСТИ КӮДАКОН

КИВ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба “Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон” рӯзи 31.05.2023 аз тарафи мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ғафурзода Рухсора ва бо дастгирии раиси Ташкилоти Ҷамъиятии “Бонувони Хатлон” Мақсудхоҷаева Гулбаҳор - аъзои фаъоли ҲХДТ ба Муассиса-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Вахш тӯҳфаҳои идона аз қабили китоб, дафтар, маводҳои конселярӣ ва маводҳои варзишӣ дастрас карда шуд, ки боиси хушҳоливу рӯҳбаландии кӯдакон гардид. Ҳамзамон  аз шароиту зиндагии онҳо дидан намуданд.

Сипас, бо хонандагони ин даргоҳи маърифат мулоқот анҷом намуда, гуфта шуд, ки таҳти таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва кору рӯзгори тамоми қишрҳои ниёзманди ҷомеъа тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Қайд мегардад, ки дар Муассиса - интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Вахш айни замон 270 нафар кӯдакону наврасони ятими кул, нимятим ва аз оилаҳои ниёзманд ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки дар он барои будубош, таҳсил ва истироҳату фароғати тарбиятгирандагони муассиса шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Барои рушди ҳаматарафаи кӯдак ва инкишофи ҷисмониву зеҳнии вай фазои орому озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ нисбат ба ӯ лозим аст. Ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрӯз аст, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Аммо онҳо чӣ гуна ба воя мерасанд ва ҷомеаро чӣ гуна идора мекунанд, аз мо - калонсолон вобаста мебошад.

Инро бояд ҳар кадоми мо ҳамеша дар ёд дошта бошем. Яъне кӯдакро мо бояд барои ҳаёти мустақилона дар ҷомеа ба таври шоиста омода кунем. Ӯро бояд дар рӯҳияи ватанпарварӣ, миллатпарварӣ, сулҳдӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ахлоқу рафтори неку ҳамида тарбия намоем.