СУҲБАТУ ВОХУРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ С. ГАДОӢ

Ҳамадонӣ:  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 15 - и ноҳия вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо сокинони деҳаи Сафар Гадоӣ баргузор гардид. Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳимҷон Шарипов оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии мамлакат ва ҳамзамон оид ба барқияи телефонии № 1 аз 06.01.2023 бо мақсади ҷалб намудани сокинони ноҳия ба ҷойҳои кори холӣ дар НБО "Роғун" бо иштирокчиён суҳбат намуд.Инчунин дар вохӯри оиди пешгирии ҷавонон аз падидаҳои номатлуб аз қабили ҷинояткорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, нашъамандиву нашъаҷалобӣ, оворагардӣ, фарҳангӣ бегона, истифодаи тарзи дурусти телефонҳои мобилӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, ихтиёран пайвастан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.