МУЛОҚОТ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ОРЗУ”

Фархор:  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Орзу” санаи 30 майи соли ҷорӣ бо иштироки аъзои фаъоли ҲХДТ мулоқот баргузор карда шуд. Дар мулоқот роҷеъ ба дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар самти истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгири аз таълимоти ғайриқонунии динии ҷавонон суханронӣ карда шуд. Саравал раиси Ташкилоти ибтидоии мазкур оиди дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонон баромад намуда иброз доштанд, ки мусаллам аст, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азиз Пешвои миллат ба соҳаи маориф диққати махсус дода, дар ин замина дар саросари кишвар биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олӣ ва миёнаи касбӣ, толорҳои замонавии варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳо ва дигар иншооти ҳаётан муҳим бунёд гардида, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда шуданд.Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд:«мо бояд ба он муваффақ шавем, ки дар шуури наврасону ҷавонон эҳсоси қавӣ ва устувори худшиносиву худогоҳии миллӣ ба вуҷуд оварда шавад. Танҳо дар ҳамин сурат ҷавонон метавонанд кори падарони худро идома диҳанд ва Ватану миллати хешро ҳифз кунанд». Баъдан иштирокчиёни дигари чорабини ба навбат ба сухан баромада фигру андешаҳои худро доир ба мавзуҳои болозикр иброз намуданд.Ҳамзамон гуфта шуд, ки ақидаҳо ва мақсадҳои ғаразноки ҳизбу  ҳаракатҳои фаъолияташон мамнуъ ва гурӯҳҳои ифротию экстремистиро маҳкум намуд. Мавсуф инчунин тазаккур дод, ки масъалаи ҷалби ҷавонон ба сафи ҷунбишу ҳаракатҳои ифротиву гурӯҳҳои террористӣ ва иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил ёфтааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари онҳое, ки ба сафи чунин ҳизбу ҳаракатҳо пайвастаанд, ҷавонон буда, аз арзишҳои умумибашарии дини мубини ислом бехабаранд ва маҳз ҳамин ҳолат боиси фирефта шудан ва ба доми созмонҳои террористӣ афтодани онҳо шудааст. Шомилшавии бархе ҷавонон ба чунин созмонҳои террористӣ аз фаро гирифтани онҳо ба таҳсилоти ғайрирасмии динӣ дар хориҷи кишвар сарчашма мегирад. Диншиносии илмӣ имрӯзҳо ба соҳаи ҷудогонаи донишҳои илмӣ доир ба дин табдил ёфта, вазифаи он ҳимоя аз дин нест ва ба танқиду тардиди дин низ нигаронида намешавад. Яъне, диншиносии илмӣ на хусусияти динӣ ва на зиддидинӣ дорад, балки як навъ шинохти илмии дин ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ аст ва ба дин назари сирф объективӣ дорад. Аҳамияти омӯзиши диншиносии илмӣ дар он аст, ки алоқамандонашро бо ҷаҳонбинии илмӣ ошно сохта, аз фанатизми динӣ дур мекунад.