«МАКТАБИ МАН»

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар асоси амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон дар ноҳияи  Панҷ  бо иштироки омӯзгорони МТМУ №27 ва сокинону ҷонибдорони  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия директори МТМУ №27 дар муассисаи таълимии номбурда суҳбату вохӯрӣ намуданд, ки дар ин вохӯрии самарабахш падару модарони хонандагон низ ширкат доштанд. Аз ҷониби директори муассиса ва роҳбари синф вазъи ҳозираи мактаб ва ниёзҳои моддию техникии он ба хатмкунандагони ин муассиса муаррифи карда шуд.