Бозии шоҳмот-ин варзиши зеҳн аст.

Восеъ: Созандагони ватан  

Шоҳмот яке аз кашфиётҳои куҳантарин ва аҷибтарин бозии мардуми форсу тоҷик мебошад, ки имрӯз ҳамчун варзиши сабук дар тамоми ҷаҳон матраҳ аст.  Аз ин ҷост, ки ҳангоми бозии Шоҳмот варзиш додани тафаккур ва зеҳн дар баробари тамрини бадан инкишоф меёбад. Варзиш додани тафаккуру зеҳн ба василаи бозии шоҳмот, ки маъмултарини бозиҳои варзиши ақлонӣ ё зеҳнӣ аст, дар тамаддуни ориёӣ мавқеи аввалиндараҷа доштааст.Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43-и ноҳияи Восеъ бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон миёни хонандагон бозии шоҳмот гузаронида шуд. Мақсад аз баргузории ин намуди варзиш миёни хонандагон ин пеш аз ҳама тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудан ба машғули мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш. Ва пеш аз ҳама мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни насли наврас ва тарғиби шоҳмот байни тамоми қишри ҷомеа мебошад.