КӮДАКОН ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ

Балҷувон: Созандагони ватан  

Кўдакон ояндаи миллат ба шумор мераванд. Аз ин лиҳоз, давлату Ҳукумат баҳри фароҳам сохтани ҳама гуна шароит барои онҳо саъю талоши зиёд ба харҷ медиҳад.

Кўдакону наврасон ояндаи давлату миллатанд ва ҳамаи кўшишу заҳматро баҳри он равона бояд сохт, то онҳо дастгирӣ ёбанд, ҳуқуқҳояшон ҳифз шавад, дар муҳити созгору созанда ба камол расанд ва ворисони сазовори ин сарзамин гарданд.

Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳифзи кӯдакон, махсусан ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхории аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Ҷиҳати бо ҳаёти пурарзиш, сатҳи шоистаи зиндагӣ таъмин намудани кӯдакони бепарастор онҳо аз ҷониби давлат ройгон бо ҷойи зист, хӯрок, сару либос, маблағҳои пулӣ, хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ таъмин карда мешаванд. Ҳамчунин зимни таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии тараққиёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат, пеш аз ҳама, манфиатҳои кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор ба назар гирифта мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 34 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, “модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат мебошанд” давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхории доимӣ зоҳир менамояд”.