ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ СИНФХОНАҲО

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими нозоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон ва ҳамзамон бо дастгириҳои аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф корҳои таъмири капиталии синфхонаҳо дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 оғоз шуданд. Корҳои таъмири синфхонаҳо муассисаи мазкур бо ҷалби хатмкунандагони сину соли гуногуни ва асосиатсияи падару модарони ин даргоҳ дар доираи амалиёти “Мактаби ман” роҳандозӣ шуда истодааст.