ИДОМАИ ШИНОСОИИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ АЗ ҶОНИБИ НАМОЯНДАГОНИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Левакант:  

Гурӯҳи кории Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикитсон аз фаъолияти кории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ориёнбонк”-и шаҳри Левакант шиносоӣ пайдо намуданд.

Зимни шиносоӣ ҳуҷҷатҳои ташкилоти ибтидоӣ, утоқи корӣ, пардохти ҳаққи узвият, ҳисоботҳои омории аъзо, варақаҳо ва шаҳодатномаҳои ҳизбӣ мавриди санҷишу омӯзиш қарор дода шуда, бо масъулини ташкилоти ибтидоӣ ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ суҳбатҳо гузаронида шуд.

Ҳамзамон, ба раис ва шахси масъули ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва беҳтар гардонидани фаъолияти минъбада дастуру супоришҳои судманд дода шуд.

Дар ҷамъбаст масъулини ташкилоти ибтидоии “Ориёнбонк” иброз намуданд, ки мо, ҷонибдорон Шуморо бовар мекунонем, ки минбаъд фаъолиятро дар ин самт боз ҳам беҳтар намуда, баҳри баланд бардоштани нуфузу эътибори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳамчунин ҷиҳати ҷоннок намудани корҳои созандагию бунёдкорӣ, баҳри ободиву зебогии Ватани азизамон бо аъзоён ва ҷонибдорони фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  талош варзида, саҳми арзандаи хешро дар ин хоҳем гузошт.