Баргузории Аксия таҳти унвони “Ба Ватан содиқем”

Восеъ: Созандагони ватан  

Ватан, зодгоҳ, калимаи зебо ва хуҷастае аст, ки бо шуниданаш хонаву дар, гаҳвора ва модар пеши назар меояд. Бале, Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон, модари мушфиқу меҳрубон аст. Агар модари аслӣ моро ба дунё оварда бошад, Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагии рангин оғӯш кушодааст. Халқи тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад.Вобаста ба ин кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ миёни ҷавонону наврасон Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Ба Ватан содиқем” баргузор намуданд. Зимни баргузории аксия масъулини ҳизбӣ аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки Ватани азизи худро сидқан дӯст доранд, баҳри ҳифзи марзу буми он ҳамеша омода бошанд ва содиқонаву софдилона баҳри рушду нумӯи кишвари азиз хизмат намоянд.