ШИНОСОИИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ АЗ ҶОНИБИ НАМОЯНДАГОНИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Левакант:  

Гурӯҳи кории Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз фаъолияти кории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дидан намуданд. Зимни омӯзиш аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказӣ” –и шаҳри Левакант дидан намуда, ҳуҷҷатҳои ташкилоти ибтидоӣ, утоқи корӣ, пардохти ҳаққи узвият, варақаҳои ҳизбӣ ва шаҳодатномаҳои ҳизбӣ мавриди санҷишу омӯзиш қарор дода шуда, бо масъулони ташкилоти ибтидоӣ оиди боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти ҳизбӣ суҳбатҳо гузаронида шуд.

Ҳамзамон, ба раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҷиҳати рафъи камбудиҳо ва фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳои судманд дода шуданд. Зимни суҳбат кормандони ташкилоти ибтидоӣ иброз намуданд, ки фаъолиятро дар ин самтҳо боз ҳам бештар намуда, баҳри баланд бардоштаи обрӯву нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамзамон баҳри ободиву зебогии Ватани азизамон бо аъзоён ва ҷонибдорони фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон талош карда, саҳми арзандаи худро дар ин замина мегузоранд.