ДИДАН НАМУДАНИ КОРМАНДОНИ ҲИЗБӢ АЗ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНИИ НОҲИЯ

Данғара:  

Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза ба мардум дар саҳро барои истифодаи самаранок ва мақсадноки замин ва аз он рӯёнидани ҳосили дилхоҳ вохӯрию  суҳбатҳо доир намуданд.

Сокинони ҷамоати деҳоти Сафобахши деҳаи Баҳор имрӯзҳо бо истифода аз рӯзҳои гарму офтобӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ дастаҷамъона ба кишту кор машғуланд. Саҳмдорони хоҷагиҳо ҳосисли рӯёнидашударо ҳамбарои эҳтиёҷоти хонаводаи худ ва ҳам ба бозорҳои истеъмолии ноҳия ва берун аз ноҳия пешниҳод менамоянд. Истифодаи оқилонаи замин боис бар он гардид, ки сатҳу сифати зиндагии саҳмдорон сол то сол хубтару беҳтар мегардад.