МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ БАЙНИ АЪЗОЁНИ ТҶҶ "СОЗАНДАГОНИ ВАТАН”

Ҳамадонӣ: Созандагони ватан  

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ҳамбастагӣ бо ШВКД-и ноҳия бо мақсади таблиғу ташвиқи тарзи ташаккули ҳаёти солим ва зич намудани равобити ҷомеа бо сохторҳои мақомоти милитсия, Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мусобиқаи бозии футболи хурдро байни муассисаи таълимии ноҳия ба анҷом расонида, ғолибонро бо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ намуд.

Бозиҳои футбол миёни дастаҳои муассисаҳои таълимии ноҳия, аъзоёни фаъоли ТҶҶ "Созандагони Ватан" баргузор шуда, дастаи МТМУ № 7 ҷойи сеюм, дастаи МТМУ № 8 ҷойи дуюм ва дастаи МТМУ № 30 бошад, сазовори ҷойи якум гашт. Дар қисмати анҷоми чорабинӣ ба ғолибон ҷому медал ва ифтихорномаҳо тақдим намуданд.