ҶАВОНОН ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

Ҳамадонӣ: Созандагони ватан  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 35-и деҳаи Боғистони Ҷамоати деҳоти С.Турдиев бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрӣ бо аъзоёни фаъоли ТҶҶ "Созандагони Ватан" баргузор гардид.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳимҷон Шарипов баромад намуда, қайд кард, ки бо боварии комил метавон гуфт, ки ҷавонони мо ҳиссу ғурури баланди ватандорӣ  дошта, барои  ҳифзу ҳимояи ҳар порча хоки Ватан худро сипар карда, бечуну чаро ҷони худро дар роҳи озодиву осоиштагии ин сарзамини аҷдодиамон фидо мекунанд. Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду  соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат  ва давлат дар давраи соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст. Инчунин, дар вохӯрӣ оиди пешгирии ҷавонон аз падидаҳои номатлуб аз қабили ҷинояткорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, оворагардӣ, тақлид ба фарҳанги бегона ва ихтиёран пайвастан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонон  суханронӣ карда шуд.