МО ДАР ЯКҶОЯГӢ БАР ЗИДДИ НАШЪАМАНДӢ МУБОРИЗА МЕБАРЕМ

Н.Хусрав: Вокуниш  

Нашъамандӣ яке аз вабои асри навин буда, дар як рӯз аз ҳисоби истифодаи он ҳазорҳо нафар дар ҷаҳон ҳалок мегарданд. Тамоку яке аз намудҳои нашъа буда, барои инсон зарари марговар дорад. Дар таркиби барги тамоку моддаҳои химиявии гуногун мавҷуд буда, никотин ва изопреноидҳо аз ҳама зараровар барои организми инсон мебошанд. Тибқи маълумоти олимону мутахассисон дар таркиби дуди тамоку 6000 моддаҳои гуногун мавҷуд аст, ки аз инҳо 30 – тоашон моддаҳои заҳрнок, аз қабили оксиди карбон («гази угар», кислотаи сианид, аммиак ва ғ.) ба шумор мераванд. Олимон муайян намудаанд, ки никотини аз таркиби 5 дона сигарет гирифта харгӯш ва никотини аз 100 донаи сигарет гирифта аспро ба ҳалокат расондааст. Меъёри ба марг расонандаи никотин ба организми одам ба 0,06 – 0,08 г баробар аст. Тибқи ҳисоботҳои оморӣ дучори бемориҳои дил шудани тамокукашҳо нисбат ба одамоне, ки тамоку истеъмол намекунанд, 13 маротиба, бемории захми меъда 10 маротиба зиёд мебошад. Аз шумораи умумии ба бемориҳои саратон гирифторшуда 96–100% асосан тамокукашҳо мебошанд. Чаро бар хилофи қонунҳо ва амру фармонҳои амалкунанда то ба ҳанӯз тамокукашҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ рӯирост тамоку истеъмол менамоянд? Чаро вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла тамокукашҳо ҷарима карда намешаванд? Чунин саволҳо ниҳоят бисёранд. Акнун барои пешгирии ин одатхои бади ба организм зараровар баъзе андешаҳои хешро баён месозем. Бояд тазаккур дод, ки падарону бобоёни мо, ки дар шароити кӯҳистони обу ҳавояш муътадил зиндагӣ доштанд ва носи тайёршуда аз барги тамокуи хушкшуда бо иловаи хокистари писта ва дигар гиёҳҳои табиии фоидаовар тайёр карда мешуд, аз ин рӯ, шояд ин гуна нос ба саломатии носкашҳо зарари ҷиддӣ намеовард. Ҳарчанд ки он солҳо лаборатория ва тадқиқотҳои илмӣ мавҷуд набуданд, ба андешаи ман насли имрӯзаи Тоҷикистон тавассути мактаб, ВАО ва ҳоло бошад, сайтҳои интернетӣ аз зарари тамоку ва маводҳои сахттаъсири дигар пурра огаҳӣ доранд, вале ба ҷои худдорӣ кардан аз ин одатҳои бад, баръакс, тақлидкорӣ менамоянд. Пас саволе пайдо мешавад, ки барои пешгирии ин одати бад, ақаллан ботадриҷ кам гардидани шумораи нафарони дучори ин одатҳои бади ба организм оқибатҳои фоҷиабороваранда, аз қабили дучор шудани организм ба бемориҳои саратони шуш, узвҳои нафаскашӣ, узвҳои ҳозима (даҳону дандонҳо, рӯдаю меъда) ва ғайра чи бояд кард. Дуруст аст, ки ба ақидаи мутахассисони иқтисоддон фурӯши тамоку ва нӯшокиҳои спиртӣ ба буҷаи кишварҳо, алалхусус, давлатҳои мутамаддин даромадҳои ҳангуфтро фароҳам меоварад. Вале дар баробари ин агар пеши ин одатҳои бад гирифта нашавад, ё ақаллан кам карда нашавад, солимии ҷомеа халалдор гардида, пайдо шудани насли солимро зери суол мегузорад. Мутахассисони соҳаи экология борҳо таъкид менамоянд, ки пурзӯршавии таъсири инсон ба табиат ва сарватҳои он боиси заҳролудшавии об, хок ва ҳаво, боиси ба вуҷудоии «бӯҳрони экологӣ» гардида истодаанд. Аммо мутаассифона, дидаю дониста боз тавассути заҳрҳои таркиби тамоку ва дигар маводҳои барангезандаи руҳ ба саломатии худ ва атрофиён ҷабр кардан магар мақоли «болои сӯхта намакоб» - ро ба ёд намеорад. Аз ин рӯ, аз ду яке – саломатӣ, дарозумрӣ, беморӣ ё камумриро ба интихоби шумо, иродаи шумо ҳавола медиҳем.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Н.Хусрав