ЗЕБОӢ-ТАВОНОӢ АЗ ВАРЗИШ САРЧАШМА МЕГИРАД

Ш.Шоҳин: Созандагони ватан  

Ҷиҳати баланд бардоштани хисси зебоипарастӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим ва сайқал додани зеҳни наврасону ҷавонон аз ҷониби Кумитаи иҷроия дар ҳамоҳангӣ бо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия пайваста чорабиниҳои мухталифи варзишӣ баргузор карда мешавад.

Дар таърихи 25 майи соли равон масъулини ҳизбӣ дар байни хонандагони синфҳои болоии муассисаи таълимии №7 бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”  ва “Рӯзи сарҳадбонон” чорабинии варзишӣ, аз қабили шашкаву шоҳмотро доир намуданд.