МАРКАЗИ ТРЕНИНГӢ

КИВ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Чи тавре огоҳ ҳастед, ҷиҳати таҳкими коргузорӣ дар фаъолияти идеологӣ, аз ҷумла рушди асосҳои идоракунӣ, муносибатҳои ташкилию сиёсӣ ва тақвият бахшидани захираҳо оид ба такмили дониши кормандони ҳизбӣ дар назди Кумитаи иҷроияи ҳХДТ дар вилояти Хатлон Маркази тренингӣ ташкил карда шуда, он аз моҳи феврали соли 2022 ба фаъолият оғоз намудааст.

Дар Маркази мазкур курсҳои омўзишӣ ба таври доимӣ ба роҳ монда шуда, шунавандагон-кормандони ҳизбӣ бо сертификати такмили малака ва маҳорати касбӣ аз рўи мавзуъҳои муайяншуда таъмин мегарданд. Дар натиҷаи хатми курсҳои омӯзишӣ аз рӯи ҳар як барномаи таълимӣ сертификати (шаҳодатномаи) дараҷавӣ (А, B, C) дода мешавад, ки он сатҳи касбият, қобилиятнокӣ ва салоҳиятнокии шунавандаро муайян месозад.

Вобаста ба таъмини фаъолияти самараноки Марказ барои курсҳои омўзишӣ аз рўи барномаҳои таълимӣ ва тибќи мавзуъҳои муайяншуда омўзгорон (тренерон) аз ҳисоби устодон ва олимони самти ҷомеашиносӣ ва идоракунӣ, ҳамчунин кормандони ботаҷрибаи ҳизбӣ ҷалб карда шудаанд.

Ин лаҳзаҳо мудирони шуъбаҳои молияи кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар аз рӯи барномаи таълимии "Ҳуқуқи амалӣ" омӯзиш гузашта истодаанд.