ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ - ИФТИХОРИ МАН

Ҷ.Балхӣ:  

Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия санаи 28 марти соли 2023 дар МТМУ №48-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии навбатӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ гузаронида шуд. Зимни вохӯри муовини раиси Кумитаи иҷроия дар ноҳия Мусоев Хуршед баромад намуда, оид ба вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, пардохти саривақтии ҳаққи узвият, назорати пурраи ҳаракати аъзои ҳизбӣ ибрози андеша намуд. Инчунин масъулин оид ба сафарбар кардани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат намуданд. Дар фарҷоми вохурӣ  масъулини Кумитаи иҷроия дар ноҳия  шахсони ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо шударо табрик намуда Шаҳодатномаи ҳизбӣ тақдим карда шуд.

Қайд карда шуд, ки ҳизби мо мактаби камолоти ҷавонон буда, чун ниҳоди сиёсӣ дар ташаккули шахсият таъсири амиқ расонида ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аъзои ҲХДТ будан масъулияти баланд ва боиси ифтихору сарфарозӣ мебошад.