АЁДАТИ МАЪЮБОН ДАР РӮЗҲОИ НАВРӮЗӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

АЁДАТИ МАЪЮБОН ДАР РӮЗҲОИ НАВРӮЗӢ

Наврӯз ҷашни бостонию қадимаи мардуми соҳибтамаддуни тоҷик буда, аз урфу анъанаҳои суннатӣ, яъне меҳрубониву дӯстӣ, садоқату муҳаббат ва хайру эҳсон сарчашма мегирад. Дар рӯзҳои наврӯзӣ аёдату дидорбинии пиронсолону беморон ва ниёзмандон як рукни наҷиби ин ҷашни бостонӣ аст.

Бо назардошти ин маънӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён"-и шаҳри Кӯлоб чанде аз маъюбонро, ки дар таълими хонагӣ қарор доранд аёдату дидорбинӣ намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.