НАВРӮЗИ АҶАМ ОМАД

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади таҷлили сазовори Наврӯзи байналмилалӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  дар варзишгоҳи марказии ноҳия чорабинии бошукӯҳ доир гардид.  

Дар чорабинии идона намояндаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдулвоҳид, намояндаи ҳукумати вилояти Хатлон, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон – Саидзода Ҷамшед Ҳамро, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон, аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси ноҳияи Панҷ муҳтарам Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ ғ Файзизода Каримҷон Нозил, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб иштирок доштанд.

Аҳамияти иҷтимоиву ахлоқии Наврӯз танҳо бо баргузории чорабиниҳои фароғатию истироҳатӣ ё худ шодиву сурур маҳдуд нашуда, балки ин ҷашни таърихиву таърихсоз рамзи ободониву пешрафт ва ташаккули афкори созандаву андешаҳои бунёдгароии мардум, низоми ҳаракати сайёраҳо,  вуруди соли нави мардуми ориёинажод дорад.

Дар заминаи ин чорабинӣ намоиши ҳунарҳои дастии занону бонувони ҳунарманди ноҳия, аз ҷумла гулдӯзию қуроқдӯзию бофандагӣ, хӯрокҳои миллӣ, аз қабили суманак, оши бурида, далда ва оши палав, инчунин, дастовардҳои варзишии хонандагону варзишгарон ба маърази тамошо гузошта шуда буданд. Ҳайати меҳмонон аз ин намоишгоҳ дидан намуда, ба ҳунару маҳорати ҳунармандони чирадаст ва кадбонуҳои ноҳия баҳои баланд доданд.

Инчунин дар ин рӯзи фараҳбахш бо ғамҳориҳои пайвастаи Раиси муаззами  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иштироки бевоситаи аъзои Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро ба як нафар маъюби гурӯҳи якум Гадоева Насима нафақаи ҳизбӣ супорида шуд, ки ин амали нек ва савоб яке аз ҳадафҳои асосии Барномавии ҳизб мансуб меёбад.

Дар охир фарҳангчиёни ноҳия бо суруду таронаҳои дилнишин хотири иштирокдоронро болида гардониданд.