Санаи 19.03.2023, дар арафаи ҷашни "Наврӯзи Байналмилалӣ" дар деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Ҷиликул дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки раиси ноҳияи Дӯстӣ, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ, муҳтарам Нишонзода Даврон Назаралӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ Ҳамидзода Абдулҳафиз Ҳамид, муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ Шарифзода Зебо, мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Маҳмадсаидзода Шаҳноза ва Раиси ҷамоати деҳоти Ҷиликул чор синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии-5, ки бо тариқи ҳашар аз ҷониби кумитаи падару модарон, сокинони деҳа ва аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ сохта шудааст ба истифода дода шуд.
Баъди ба истифода дода шудани ин синфхонаҳо шароити дарсии хонандагон ва сифати таълим хеле беҳтар мегардад.
Зимни суханронӣ раиси ноҳияи Дӯстӣ, Нишонзода Даврон Назаралӣ ҳозиринро бо ҷашни Наврӯзи оламафрӯз, ки иди аҷдодии мо халқи тоҷик мебошад табрику шодбош гуфта, ба сокинони деҳаи Ваҳдат, омӯзгорони ин муассиса ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи "Ваҳдат" Давронов Муродалӣ, барои сохтмони синфхонаҳои иловагӣ миннатдории худро баён намуданд.