БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ГУШТИН ДАР ЁВОН

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

18.03.2023 Бо ташаббуси узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, ба ифтихори таҷлили ҷашни ниёгонамон Наврӯзи хуҷастапай мусобиқаи гӯштини миллӣ байни калонсолон баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур паҳлавонон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуда, беҳтаринҳо бо туҳфаҳои Кумитаи тадорукот сарфароз гардонида шуд. Зимни сухани табрикотӣ раиси ноҳияи Ёвон  ҳамагонро шодбош намуда, изҳор доштанд, ки мусобиқаи гуштини миллӣ яке аз рукнҳо ва анъанаҳои хоси Наврӯз аст, ки аз қадим ба мо мерос монда шудааст.